Шарипов: Тоҷикистон барои паси сар кардани буҳронҳо таҷрибаи зиёде дорад

Баҳром Шарипов, коршиноси иқтисодӣ шарҳ дод, ки чӣ гуна чораҳои зиддибуҳронии роҳандозӣ шуда, метавонад ба тиҷорати Тоҷикистон дар замони пандемияи вируси корона кумак намояд
Sputnik

Баҳром Шарипов, номзади илмҳои иқтисодӣ дар гуфтугӯ бо Sputnik Тоҷикистон таъкид дошт, ки ҷумҳурӣ дар таҳия ва роҳандозии чораҳои зиддибуҳронӣ таҷрибаи зиёде дорад.

 

Шарипов: Тоҷикистон барои паси сар кардани буҳронҳо таҷрибаи зиёде дорад

Ба гуфтаи коршинос, Тоҷикистон дар таърихи кӯтоҳаш бори севум аст, ки буҳрони иқтисодиро паси сар кардааст. Барои мисол Тоҷикистон буҳронҳои иқтисодии солҳои 2008 ва 2015 паси сар кард. Ҳамчунин, то имрӯз барномаи зиддибуҳронии қабулшудаи соли 2019 ба кор гирифта шудааст.  

Буҳрон дар пеш аст: Пас аз коронавирус иқтисоди Тоҷикистонро чӣ интизор аст?

“Чизе, ки дар қарори раисҷумҳур омадааст – ин чораҳои фаврӣ барои дастгирии соҳибкорон ва мардуми кишвар аст”, - таъкид дошт коршинос.

Шарипов илова кард, ки мақомоти Тоҷикистон бо роҳандозии ин чораҳо худро маҳдуд нахоҳад кард. вай гуфт, дар оянда чораҳои дигари иловагӣ низ роҳандозӣ хоҳад шуд.

“Русия ва Қаазоқистон аз қарантина мебароянд. Ин кишварҳо ҳоло дар фикри  қабули чораҳои иловагӣ барои дастгирии иқтисодашон ҳастанд. Ин кишварҳо барои барқарорсозии рушди иқтисод кумакҳои ҷиддӣ равона доранд. Ин гуна чораҳои пешгирифтаи, Русия ва Қазоқистон метавонад ба рушди иқтисоди Тоҷикистон низ такон диҳад”, - гуфт коршинос.

Коршиноси масоили иқтисодӣ афзуд, ки коҳиши содирот ва болоравии нархҳо ба рушди корхонаҳои Тоҷикистон кумак намудааст. Ба гуфтаи вай, ҳоло дар Тоҷикистон барномаи дастгирии корхонаҳои содиркунанда роҳандозӣ шудааст.