ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ҳафтаҳои наздик рубл дигар устувор шуда наметавонад, гуфтааст коршиноси рус Иван Копейкин дар мусоҳиба бо "Российская газета".
Ба гуфтаи иқтисодшинос, чанд омил боиси заиф шудани рубл мешаванд.
Муҷрими дувуми заифии рубл, ба гуфтаи ӯ, коҳиши ҳаҷми фурӯши асъор дар чорчӯбаи қавонини буҷа аст. Зеро арзиши нефт ба андоза боло рафтааст.
"Тиллои сиёҳ дар умум, агар кам будани талаботро ба назар гирем, хело гарон шудааст. Дигар ҳаракат кардан хело мушкил мешавад. Ба савдои нафт дар оянда, шурӯи добораи истихроҷи он фишори муайян хоҳад расонид", - мегӯяд Копейкин.
Аз дигар омилҳои беқурб шудани рублро иқтисодшинос фоизҳи қарзӣ медонад, ки дар Русия паст мешаванд.
Ҷанги тиҷоратии ИМА ва Чин дар иқтисоди ҷаҳонӣ низ ба арзиши рубл таъсири манфӣ хоҳад расонид.
Афзун бар ин, эҳтимоли мавҷи дувуми коронавирус мавҷуд аст, ки дар он ҳолат рубл ва дигар дороиҳои хавфнок аз се то ҳашт дар садашонро гум мекунанд.
"Барои ҳамин мисли пештара доллар нисбати рубл ба ҳудуди 72-73 бармегардад. Ин нишондодро асъори амрикоӣ ба шарофати пандемияи коронавирус соҳиб шуда буд", - гуфт дар анҷом коршинос.