ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Вакили Думаи давлатӣ, варзишгар ва собиқ боксчӣ Николай Валуев ва устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, Расул Бокиев дар якҷоягӣ бо Федератсияи минтақавии бокс дар доираи иқдоми башардӯстонаи умумирусиягии "Ташаккур ба шумо" ба муассисаҳои иҷтимоии шаҳри Брянск ва вилояти Брянск доруҳо, таҷҳизоти варзишӣ ва маҷмӯаҳои таълимӣ барои эҷодкорӣ тақдим кардаанд.
Расул Боқиев ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи кӯмакҳояш ба кӯдакон дар Русия гуфт, ки иштирокаш дар чорабиниҳои хайриявӣ се моҳ пеш оғоз ёфтааст.
"Се моҳ пеш маро Горди миллӣ ва Раёсати рӯҳонии мусулмонони Маскав даъват карданд, ки дар чорабинӣ ширкат кунам. Имконияти хурсанд кардани кӯдаконе шуд, ки гирифтори коронавирусанду дар шӯъбаҳо имкони ба берун баромадан надоранд. Мо ба он ҷо бо тӯҳфаҳо рафтем ва барои кӯдакон фазои хурсанди сохтем" гуфт ҷудочии тоҷик.
Варзишгар гуфт, ки ин чорабинӣ хеле таъсирбахш буд ва аз шикаташ адр чунин як чорабинӣ хурсанд аст ва эҳсоси хубе мекунад.
Пас аз ин, варзишгари тоҷик барои иштирок дар иқдоми мазкур ба Брянск даъват карда шуд.
"Ин иқдом аллакай аз ҷониби варзишгари маъруф ва вакил аз ҳизби “Единая Россия” Николай Валуев буд. Маро даъват карданд ва бо хушнудӣ иштирок кардам. Мо барои хариди тӯҳфаҳо ба кӯдакон маблағи муайян ҷудо кардем" гуфт Боқиев.
Ҷудочии шинохта гуфтааст, дар ин лаҳзаи душвор мо бояд муттаҳид бошем ва ҳар як шаҳрванд бояд кори хуберо анҷом диҳад.
Қаблан Илдар Аляутдинов, муфтии Маскав, паҳлавони шинохтаро барои кумакҳояш изҳори ташаккур карда, барои амалҳои хайрхоҳонааш сипоснома тақдтим карда буд.
Расул Боқиев, фарзанди паҳлавони маъруфи тоҷик Мураббии шоистаи Тоҷикистон Худойназар Боқиев аз варзишкорони шинохтаи кишвар буда 38 сол дошта, дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст.
Номбурда соли 2008 барандаи нишони биринҷии Олимпиадаи Пекин ва соли 2007 дар Рио-Де-Жанейро нишони биринҷии қаҳрамонии дунёро ба даст овардааст.
Паҳлавони шинохта, ҳамзамон солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012 барандаи Ҷоми ҷаҳон ва 2009 қаҳрамони гуштии ҷудои Русия шуда буд.
Дорандаи унвони Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон буда тайи чанд соли ахир дар Русия иқомат мекунад ва соли 2015 дар Маскав барои омодасозии варзишкорони ҳирфаӣ “Мактаби гуштии Расул Боқиев”-ро ташкил кард.