ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Абдухалил Холиқзода мегӯяд,бо назардошти омор ва таҷрибаи кишварҳои дигар, нигаронияш аз шуюъ ва бедоди вируси куруно хеле бештар буд ва ҳарос низ дошт, ки ин муҳориба то моҳи август давом кунад ва мо ҳазорон нафар талафот диҳем.
"Фикр мекардам аз сабаби он ки вирус аз контрол хориҷ дар ҷомеа рафт, басуръат аксари одамон сироят мешаванд ва дар муддати нисбатан кӯтоҳ аксариятро мегирад. Дуруст аст ки мо талафоти зиёд додем, бамаротиб зиёд аз омори расмӣ, вале боз ҳам нигаронии инҷониб хеле бештар аз ин буд, ки шукри Худо амалӣ нашуд2, - гуфтааст Холиқзода дар сафҳаи фейсбукияш.
Ӯ гуфтааст, қаблан се омилеро ки шояд ба коҳиши суръати шуюъи вирус мусоидат карда бошанд, тахмин карда буд, ки омили нигаронкунанда аз он се, хонадармонӣ буд.
“Ба андешаи ман агар ин омил аслӣ мебуд, мо дар ҳафтаи равон бояд шоҳиди муроҷиати зиёди беморони вазнин ба бемористонҳо ва маргумири бештаре мешудем. Хушбахтона ин иттифоқи бад науфтод ва муроҷиати маризони Кувид 19 ба бемористонҳо ин ҳафта низ дар ҳоли коҳиш аст”,- афзудааст табиб.
Ба андешаи ӯ дуруст аст ки як қисми одамон бо сабабҳои маълум ба хонадармон рӯй оварданд, вале таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки панҷ дарсади мубталошудагон бе ёрии тахассусӣ зинда намемонанд.
“Вале хушбахтона, воқеият бозгӯи ҳоли дигар аст, яъне дарвоқеъ муроҷиат ба бемористонҳо коҳиш ёфтааст ва аз ин бармеояд ки ба эҳтимоли қавӣ омили асосии кам шудани шуюъи вирус хонадармон набудааст”,-афзудааст раҳбари беморхонаи “Ибни Сино”.
Номбурда гуфтааст, яке аз омиле, ки дар коҳиши шуюъи вирус сабабгор шуд -омили мавсим буда метавонад.
Ба таъкиди ӯ, ин омил ба бемориҳои дигари роҳҳои нафас, ки бар асари вирусҳо хурӯҷ мекунанд, низ таъсир мегузорад.
“Ҳамагон медонанд, ки бо омадани фасли гармои хушки тобистони мо зуком тақрибан нест мешавад. Шояд вируси куруно ҳам мисли вирусҳои ангезандаи зуком аз таъсири иқлими тобистонии мо ақибнишинӣ кард?”,-гуфтааст номбурда.
Ӯ ҳамчунин бо нигаронӣ гуфтааст, агар вируси наҳс аз таъсири иқлим ақибнишинӣ карда бошад, тирамоҳ моро чӣ интизор аст?!