“Ҳамлаи мусаллаҳона ба говҳо”: ҳодисаи дигаре дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чандин говро бо корд захмӣ карда, пойҳои чандеро ҳам батамом шикастаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ҳодиса ду рӯз пеш - 4 июн дар мавзеьи Пули Офтобрӯяи мутааллиқи деҳаи Ворух, наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон иттифоқ афтодааст.

Радди тирпаронӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар марз бо Қирғизистон: 11 тир хоби касеро напаронд?

“Ба қавли соҳибони говҳо, марзбонони қирғиз 9 сар моли калони шохдорро бо кордҳои махсуси низомӣ захмӣ кардаанд. Пойҳои чанд говро аз ду ҷой ва чанди дигарро аз 4 ҷой бо корд буридаанд, ки то расидани ба деҳа аз ин ҷароҳатҳо хуни зиёд рафтааст. Бо ин ҳам қаноат карда, ин афрод чор пои ду говро шикастаанд”, - гуфт Иқбол Тешаев.

Ин дуввумин ҳодисаест, ки тайи як ҳафтаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон иттифоқ меафтад.

Субҳи 2 июни соли 2020 расонаҳои Қирғизистон аз як типарронӣ дар маҳаллаи Кӯктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон, ки бо деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз аст, иттилоъ пахш карданд.

Бино ба ин иттилоъ, шахсони номаълум як шаҳрванди Қирғизистонро аз қаламрави Тоҷикистон ҳадафи 11 тири туфанги шикорӣ қарор додаанд.

Тирпаронӣ дар марз: КДАМ гуфт, марди қирғиз ҷавонзани тоҷикро паронд

Ҷониби Тоҷикистон гуфт, ки ҳамчунин тирандозӣ сурат нагирифта, онро касе ҳам нашунидааст ва дар деҳаҳои марзии Тоҷикистон дар қиёс бо Қирғизистон ҳеҷ кас ҳеҷ гуна силоҳ надорад. 24 май боз дар мавзеьи Пули Офтобрӯяи деҳаи Ворух дар пайи тирандозӣ миёни марзбонони ду кишвар сарбози 19 - солаи тоҷик Давлатёр Зоиров захмӣ шуд.

Пас аз он 28 май Шукрона Шарофоваи, зани 25 – сола, сокини ҷамоати Чоркуҳи Исфара аз тири туфанги шикории Соат Бахтибеков, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи Бодканд захмӣ гардид.

Сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара ин ҳамаро тавтиаҳои мақомоти Қирғизистон унвон мекунад.

“Онҳо ба ҳар васила мехоҳанд, ки як ҷанҷолеро ба вуҷуд оварда, пойи ду кишварро ба ихтилоф кашонанд ва аз ин ҳисоб замин ғасб намоянд. Ҳатто ба ҳайвоноти хонагӣ ҳам раҳм надоранд. Мо ҳадс мезанем, ки пушти ин ҳама чӣ гап асту кист”, - гуфт Иқбол Тешаев.

Ихтилофҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз аз солҳои 70 – 80 – и асри гузашта идома дорад. Ду кишвар дар ҳоли ҳозир комиссияеро барои таъйин ва аломатгузории марзҳо эъзом кардаанд.