ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Мири шаҳри Маскав Сергей Собянин дар суҳбат бо шабакаи "Россия" гуфт, ҳамаи чораҳои маҳдудкунанда дар бахшҳои зиндагии бошандагони Маскав то 1 июли соли ҷорӣ бардошта хоҳад шуд.
"Марҳила ба марҳила то 1 июл ҳамагуна маҳдудиятҳое, ки имрӯз ҷорӣ аст, бардошта мешавад", - гуфт ӯ.
Ба гуфти Собянин реҷаи бардошта шудани маҳдудияти марҳилавӣ то рӯзи 8 июн маълум мешавад.
Шаҳрдори Маскав мегӯяд, тақрибан пас аз ду-се ҳафта, беморхонаҳои шаҳр ба реҷаи муқаррарии корӣ мегузаранд ва ба беморон хизмат мекунанд.
Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар ояндаи наздик беморхонаҳои касбӣ маризони коронавирусро табобат хоҳанд кард. Дар баробари ин беморхонаҳои муваққатӣ фаъол хоҳанд буд.
Тибқи иттилои ситоди фаврӣ, то 4 июни соли равон дар Русия 441 ҳазор кас гирифтори коронавирус шудаанд.
Собянин: корхонаҳои саноатию сохтмонҳо кушода шаванду аҳолӣ дар хона монад
Теъдоди бештарини маризон дар Маскав - 190 ҳазор кас - сабт шудааст.
Дар баробари ин суръати афзоиши гирифторӣ ба ин беморӣ дар Маскав паст шудааст.