ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторони коронавирусро нашр кард.
"Шабонарӯзи гузашта 81 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор шуда, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашуд", - омадааст дар хабарнома.
Тибқи иттилои ин ниҳод, то 5 июн дар Тоҷикистон 4370 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар кишвар 2491 (57%) нафар шифо ёфтаанд. То имрӯз дар Тоҷикистон аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 5 июн дар кишвар 1355 нафар зери назорати табибон қарор доранд.
Пешгирӣ аз вируси корона: 20 ширкати тоҷикӣ ба тавлиди ниқоби тиббӣ оғоз карданд
Манбаъ афзуда, ки дар як шабонарӯзи охир 219 нафар пас аз шифо ёфта ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.
Мо метавонем: ширкатҳои Тоҷикистон даҳҳо тонна собун, хлор ва антисептик истеҳсол карданд