ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин мегӯяд, вазъият дар робита ба маризии коронавирус рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.
Сомонаи Кремл хабар медиҳад, ки Владимир Путин бо аъзои Шӯрои Амнияти Федератсияи Русия дар бораи вазъи феълӣ мулоқот баргузор намудаст.
Ба гуфтаи Путин, бо вуҷуди беҳтар шудани вазъ, назорат дар ҳар минтақа бояд пурзӯр карда шавад "ва дар сурати мушоҳида кардани тағйироти кӯчак дар робита ба авҷи коронавирус фавран бояд чораҷӯӣ кард".
232 бемор: фавти рекордӣ аз коронавирус дар Русия давоми як рӯз
Зимнан, раисҷумҳури Русия аз афзоиши шумораи гирифторони коронавирус дар манотиқи Забайкал шадидан изҳори нигаронӣ кард.
Дар робита ба ин, Владимир Путин барои назорати вазъ дар ин манотиқ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои нав дод.
Бар тибқи тозатарин маълумотҳо, дар Федератсияи Русия ба ҳолати 4 - уми июн 441 ҳазор дардмандони маризии сироятии коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Аз ин маризӣ дар Русия 204 ҳазор бемор шифо ёфта, ҳамзамон 5384 нафар ҷон бохтанд.