Эътирозҳои густурда дар Амрико: пулис 4400 нафарро боздошт кард

Амрико пас аз фавти марди сиёҳпӯсти амрикоӣ аз дасти кормандони пулис ба майдони шадиди тазоҳурот мубаддал гашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Садҳо ҳазор сокинони Амрико пас аз қатли Флоид марди сиёпӯсти амрикоӣ ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд.

Ба гузориши "Форс", эътирозот аз шаҳри Миннеполис ва Миннесота оғоз шуд ва дар даҳҳо шаҳри дигари саросари Амрико густариш ёфт.

"Пас аз марги фаҷеи марди сиёҳпӯсти амрикоӣ бар асари хушунати афсари сафедпӯст, шаҳрҳои мухталифи Амрико ба саҳнаи эътирозоти саросарӣ ба ин рафтори полиси Амрико алайҳи ақаллияти рангинпӯсти ин кишвар табдил шудааст ва ҳамчунон идома дорад", - таъкид мешавад дар хабар.

Тибқи ин гузориш, садҳо нафар дар авоили ҳафтаи ҷорӣ дар Миннасето ва дигар шаҳрҳои Амрико боздошт шуданд ва полис дар шаҳрҳои Вашингтон, Ню-Йорк ва дигар шаҳрҳои муҳими Амрико алайҳи эътирозгарон аз хушунат истифода кард.

Панҷ рӯз аст, ки эътирозҳову бетартибиҳо дар Амрико идома дорад

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико ҳамчунон сиёсати истифода аз зӯр ва саркӯби муътаризонро дар рӯзҳои ахир дар пеш гирифтааст ва бо нодида гирифтани хушунат ва рафторҳои табъизомези полиси Амрико, эътирозотро террористӣ хондааст.

Оташ мезананду ғорат мекунанд: мавҷи эътирозҳо дар Амрико - видео

Раисҷумҳури Амрико гуфт, ки аз нерӯҳои горди миллӣ хостаам то ба теъдоди кофӣ дар иёлатҳои мухталиф мустақар шаванд.  Трамп гуфт, ки нахустин вазифааш ҳимоят ва дифоъ аз мардум ва кишвар буда ва хушунатҳои ахир иқдомоти террористӣ будааст.