Қоҳир Расулзода ба хуросониёне, ки бехона монданд, кӯмак кард

Бояд гуфт, ки дар маҳалли Чорбоғи ноҳияи Хуросон ба ҳар яке аз 67 оила ба андозаи 8-сотихӣ замин ва масолеҳи сохтмонӣ тақсим карда шудааст. Сохтмони манзилҳои нав шурӯъ шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ба хонаводаҳои хуросоние, ки дар пайи ҳодисаи табиӣ осеб диданд, кӯмак кардааст.

Сокинони офатзадаи Хуросон соҳиби заминҳои нав шуданд

Бино бар иттилои расонаҳои расмии Тоҷикистон, кӯмаки Расулзода ба 67 хонаводаи ноҳияи Хуросон, ки манзилҳояшон дар натиҷаи сели рӯзҳои 14-16 майи соли ҷорӣ қисман ва пурра вайрон шудаанд, расидааст.

Гуфта мешавад, кумакҳо аз орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва нахӯд иборат аст.

Ёдрас мешавем, 14 май дар пайи боришоти зиёд ва омадани сели азим дар ноҳияи Хуросон як марди 55-сола фавтида ва ҳамчунин ба як қатор хонаҳо зарар диданд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар  марди фавтида ҳангоми чорвоҷаронӣ дар сел афтодааст.

Ба иттилои манбаъ, дар баъзе манотиқ хонаҳо зери об монданд, роҳҳо вайрон, пулҳо хароб гардида, ба хоҷагии халқи кишвар зарар расид.

Манбаъ мегӯяд, борони шадид боиси омадани сел ва боло рафтани сатҳи об дар дарёи Кофарниҳон шуд ва ин боис гардид, ки масофаи 500 метр кӯчаи Ғалаба, воқеъ дар соҳили чапи дарё шуста шавад,  150 – 200 метр роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ, 3  манзили истиқоматӣ, ки дар наздикии соҳил бунёд шуда буданд, хароб гарданд.

Раиси Хатлон ба мардуми Хуросон барои тақсимоти одилонаи кумакҳо ваъда дод
Ба иттилои Кумита ҳамчунин дар пайи боришоти шадид сатҳи оби рӯди Элок дар ноҳияи Файзобод боло рафта, дар рустои Кабкрез харобиҳо орада, пули мошингузари маҳаллие, ки деҳаи Кабгурез ва деҳаи Навбаҳорро бо ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиев мепайвандад, дар ҳолати садамавӣ қарор додааст.

Инчунин, рӯзи 14-уми май, қарибиҳои аср дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ҳилолӣ, С.Айнии ноҳияи Хуросон бар асари боронҳои пуршиддат ва давомдор сел омада, ба як қатор хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар расонидааст.

КҲФ зарари сел дар ноҳияи Хуросонро эълон кард

Ин ноустувории ҳаво дар Тоҷикистон то 19 май боқӣ монд.