Ҷашнҳои рӯзи 2 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи дуюми июн дар Русия – Рӯзи ғизои солим ва даст кашидан аз исрофкорӣ буда дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони авиатсияи шаҳрвандӣ мебошад
Sputnik

Рӯзи 2 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1896 Гулелмо Маркони итолиявӣ дар ИМА оид ба ихтирои радио аввалин патент ба даст овард.

Соли 1946 дар Италия оид ба сохти давлатдории ояндаи  ин мамлакат раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардида буд, ки дар он қариб ҳамаи шаҳрвандони кишвар иштирок намуданд.

Соли 1963  дар Тоҷикистон шумораи нахустини  ҳафтаномаи "Ин ҷо Душанбе" (ҳоло "Ҷаҳони паём") нашр шудааст.

Соли 1975 аввалин маротиба дар таърихи Лондон дар моҳи июн барф боридааст.

Ҷашнҳои рӯзи 2 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1981 рӯзномаи «Правда» (нашрияи марказии КМ КПСС) ҳукумати Полшаро дар беамалӣ нисбат ба коммунизм душман эълон кард.

Рӯзи 2 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2004  Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба бекор намудани ҳукми қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард.

Ҷашнҳои рӯзи 1 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2009 аввалин намояндагии бонки Русия дар Тоҷикистон «Росселхозбанк» ба фаъолият шурӯъ намуд.

Соли 2009 миёни Душанбе ва Рига (пойтахти Латвия) хатсайри нави ҳавоӣ роҳандозӣ гардид.

Соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари давлатӣ ба Чин ба Маркази байналмилалии намоишгоҳҳо ва конфронсҳои шаҳри Сямэн ташриф оварда, дар форуми «Тоҷикистон: имконоти сармоягузорӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд. Барои иштирок дар ин ҳамоиш шумораи зиёди соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорони Тоҷикистону Чин ҷамъ омада буданд.

Соли 2012 дар ҷараёни сафари давлатӣ  ба Чин Эмомалӣ Раҳмон аз  Донишгоҳи Сямэни музофоти Фуҷиан дидан намуд. Бо қарори Шӯрои илмӣ  ба Раҳмон барои хизматҳои шоён дар таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории пурсамар бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла, дар соҳаи илму маориф унвони профессори фахрии илмҳои иқтисодии Донишгоҳи Сямэн дода шуд.

Соли 2014 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Ниша Десай Бисвалро, ки барои иштирок дар машваратҳои сиёсии солона миёни Тоҷикистону Амрико ба шаҳри Душанбе омада буд, масоили вобаста ба рушди муносиботи ҳасана ва густариши ҳамкории судманди ду кишвар дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника баррасӣ шуданд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ гардида, барои  мустаҳкам намудани ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 июн

  • Дар Русия – Рӯзи ғизои солим ва даст кашидан аз исрофкорӣ.
  • Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони авиатсияи шаҳрвандӣ.