Зепп Блаттер, собиқ президенти ФИФА гуфт, бо фишори ИМА аз мақомаш рафт

Зепп Блаттер, собиқ президенти Федератсияи байналмилалии футбол гуфт, ӯ бо фишори Амрико мақомашро тарк карда буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Собиқ раҳбари  ФИФА ин нуктаро дар як мусоҳмбаи ахираш бо сомонаи  хабарии шветсарии Keystone-SDA изҳор доштаст.

Конор имкони набард бо Ҳабибро ба даст овард

Ба гуфти ӯ лаҳазоте, ки гуфтумонҳо дар бораи барканорияш аз симмати ФИФА мерафт, аз ИМА ба вай паём расид, ки бояд аз мақомаш биравад.

"Онҳо гуфтанд: "Раҳбар бояд равад!". Ман мандати худро аз даст додам ва ногаҳон системаи адлияи Амрико баррасии ФИФА-ро як созмони мафиозӣ хонд ва онро ба категорияи ҷабрдидагон супурд", - гуфт Зепп Блаттери 84-сола.

Ёдовар мешавем, Зепп Блаттер соли 2015 пас аз чаҳор рӯзи интихоб ба унвони раиси Федератсияи байналмилалии футбол(ФИФА) гуфт, аз мақоми худ истеъфо медиҳад ва аз раёсати ФИФА хост, “бо нишасти изтирорӣ ҳарчи тезтар” раиси навро интихоб намоянд.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта мешуд, ки пештар 7 мақоми аршади ФИФА ба иттиҳоми фасод боздошт шуда буданд. Бо вуҷуди мухолифатҳои зиёд Зепп Блаттери 79 -сола барои панҷумин бор раиси ФИФА интихоб шуда буд.

Ин интихоби ӯ вокунишҳои зиёдро дар пай дошт ва билохира худи Зепп Блаттер дар изҳороти кутоҳи худ гуфт: “Ҳама аъзои ФИФА бо интихоби дубораи ман ба унвони раиси ФИФА мувофиқ нестанд, аз ҷумла клубҳо, ҳаводорон, футболбозон ва касоне, ки мисли мо ба футбол зиндагӣ мебахшанд”.

Блаттер аз соли 1998 то 2015 тули 17 сол ФИФА-ро раҳбарӣ кардааст.