Вазир дар бораи як моҳи мубориза бо COVID-19 ва омори маргумир : “худро намебахшам”

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, вазъи коронавирус дар кишвар таҳти назорат буда, тибқи оморҳо он майли коҳишёбӣ дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Номбурда ин нуктаро зимни суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” изҳор карда, гуфтааст, бо назардошти корҳои муҳими ташкилию безараргардонӣ барои пешгирии ин беморӣ мо дар маҷмӯъ, тавонистем вазъиятро таҳти назорат дошта бошем. Дар акси ҳол роҳандозии карантин дар кишвар ногузир мешуд.

Оғози истеҳсоли “Антиковид-19” дар Тоҷикистон: дорусоз гуфт, сироятро 99% кам мекунад

Ӯ гуфтааст,  агар миқдори зиёдтарини сироят - 210 нафар рӯзи 21 май ба қайд гирифта шуда бошад, аз он рӯз гирифторӣ пайваста кам шуда, то 123 нафар поин омад, ки ин тамоюли умедворкунанда аст. Яъне тамоюли устувор.

Вазири тандурустӣ дар бораи омори маргумир ва табобаи аз ин беморӣ гуфтааст,  дар манзари фоҷиаи дигар кишварҳо, ки даҳҳою садҳо ҳазор шаҳрвандонашон қурбону гирифтори ин вабо мегарданд, рақамҳои мо ба назар намоён нестанд. Тавре шумо дуруст қайд кардед, воқеан ҳам,

“Фавт аз ин маризӣ торафт кам мешавад. Лекин шахсан ман худро намебахшам, ки аз 3930 гирифторшуда мо 47 нафарро наҷот дода натавонистем, ҳарчанд муборизаи шадид барои ҳаёти ҳар як бемор мекунем. Ҳамон вақте ки дар муқобили сатҳи фавт рақами сифр сабт шуд, танҳо ҳамон вақт ман кори худро ҳамчун вазир мусбат ҳисоб мекунам”,-гуфтааст Абдуллозода.

Абдуллозода ҳамчунин дар посух ба танқидҳо ки чаро кишвар қарантина ҷорӣ накард,  гуфтааст: “Тоҷикистон роҳи карантини нармро пеш гирифт. Яъне, маҳдудсозии интихобӣ ва ҳудудӣ. Ва такя ба фарҳангу фаросати халқи шарифи тоҷик. Ҳоло бинед, дар кӯча аксарият ниқоб мепӯшанд, гаштугузор дар кӯчаҳо хеле кам шудааст. Дастшӯӣ бо собун ё антисептик барои хурду бузург кори муқаррарӣ шуд. Ана ҳамин аз эҳтиёт кор гирифтани мардум беҳтарин ёрӣ ба табибон аст. Чунки шумораи сироят зиёд намешавад”.

Гузориши Ҳакимзода аз омори шифоёфтагону пастшавии шиддати COVID-19 дар Хатлон

Номбурда ҳамчунин гуфтааст, имрӯз барои табобати гирифторони ин беморӣ ҳама шароитҳо мавҷуданд ва дорувориҳо низ ҳаст,  ки новобаста аз минтақа дар пайи дархости беморхонаҳо дастрас мегардад.

Ба таъкиди вазири тандурустӣ,  пандемия нишон дод, ки ҳеҷ набошад, дар марказҳои вилоятҳо, шаҳрҳои калонтарин ташхисгоҳҳо дошта бошем, то дар мавриди зарурат, ки ҳисоб метавонад ба соату дақиқа равад, имконияти  гузарондани тестҳои на танҳо фаврӣ, балки оммавӣ дошта бошем.

“Яке аз муҳимтарин вазифае, ки назди вазорат истодааст, ҳалли ҳамин масъала аст”,-гуфтааст ӯ.