Дуздии чорво ба маблағи наздики 12 ҳазор сомонӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 34-сола бо иттиҳоми дуздии чорвои калони шохдор дар Хатлон хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милисаи ноҳияи Восеъ, марди 60-солаи сокини ҳамин ноҳия дар бораи дуздии чорвои калони шохдораш ариза навиштааст. 

Мақомот ҳалокати сардори шуъбаи КҲФ дар Ванҷ ва писарашро зимни садамаи нақлиётӣ шарҳ дод

Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки шаби 1 ба 2-юми июни соли 2020, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 2 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Вазорати умури дохилӣ зарари расонда ба соҳиби чорворо 11 ҳазору 800 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Оғози истеҳсоли “Антиковид-19” дар Тоҷикистон: дорусоз гуфт, сироятро 99% кам мекунад

Манбаъ афзуд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони, ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

ВУД таъкид намуд, ки аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.