Беморхонаи сироятӣ дар Хистеварз - зодгоҳи сарвазир ва раиси ситоди COVID -19

Дар ҷамоати наздисарҳадии деҳоти Хистеварз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳукумат ба сохтмони як Бемористони сироятӣ оғоз намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Бар пояи иттилоъи Хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, ин беморхона аз ду ошёна иборат буда, 22 ҳуҷраҳои табобатию ёрирасони он, дорои 30 кат будааст.

Раҳмон тасвиб кард: то 2021 дар тамоми шаҳру навоҳӣ беморхонаи сироятӣ бунёд мешавад

"Тибқи нақша дар беморхонаи мазкур 18 воҳиди корӣ таъсис дода хоҳад шуд ва дар он 2 табиб - сироятшинос, 11 ҳамшираи шавқат ва 5 корманди хурди техникӣ фаъолият мебранд”, иттилоъ медиҳад манбаъ.

Фармоишгари ин иншоот, ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, корҳои сохтмонӣ аз сӯи ПМК № 115 ба иҷро расонида мешавад.

Хадамоти матбуоти ҳукумат иттилоъ медиҳад, ки ба ҳисоби Бемористони сироятӣ ба истифодадиҳии ҳудуди сад иншооти сохташавандаи соҳаи маишӣ дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар ҷамоати деҳоти Хистеварз ба нақша гирифта шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ҳини сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз раванди корҳои сохтмонии ин иншоот шинос шуда, дар бораи ташкил намудани озмоишгоҳ дар ин беморхона дастур додааст.

Гузориши Ҳакимзода аз омори шифоёфтагону пастшавии шиддати COVID-19 дар Хатлон

Раиси вилояти Суғд ахиран дар оғози моҳи апрели соли ҷорӣ дар замони авҷи хуруҷи маризии коронавирус дар кишвари ҳаммарзи Қирғизистон ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар карда дар мулоқот бо масъулини ноҳия аз ҷумла мақомоти сарҳадбонӣ масъалаи пешгирӣ аз сироятӣ ин маризиро ба баррасӣ гузошта, дар бораи ба он тарафи марз – ба тарафи хатари сирояти беморӣ нагузаштани сокинон дастур дода буд.

Ҷамоати Хистеварз, дар қатори ҷамоати Овчи - Қалъача яке аз ду ҷамоатҳои наздимарзӣ бо Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Деҳаи Хистеварз зодгоҳи сарвазир ва ҳамзамон раиси Ситоди COVID-19 и кишвар Қоҳир Расулзода аст.