Путин рӯзи нави овоздиҳӣ барои ислоҳи конститутсияро эълон кард

Пештар президенти Русия Владимир Путин рӯзи гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи Пирӯзиро 24 июн эълон карду имрӯз рӯзи овоздиҳиро ҳам дақиқ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин рӯзи овоздиҳӣ барои ислоҳи қонуни асосии кишвар - конститутсияро 1 июл эълом кард.

"Якуми июл рӯзи мувофиқ аст. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ин таърих бенуқсон аст", - гуфт Путин.

Рӯзи 1 июлро раиси Комиссияи марказии интихоботии Русия Элла Памфилова пешниҳод кардааст.

Ба гуфти ӯ рӯзи 1 июл мувофиқ аст, чун аз 3 июл имтиҳоноти сартосарии синфҳои 11 оғоз мешавад ва бештари марказҳои овоздиҳӣ дар макотибҳо ҷойгир шудааст.

Раҳбари Роспотребнадзора Анна Попова рӯзи 1 июлро тасдиқ карда гуфт, овоздиҳӣ дар рӯзи 1 июл барои шаҳрвандон бехатар хоҳад буд.

Пасон президенти кишвар Владимир Путин аз шаҳрвандони Русия даъват кард, ки дар маъракаи овоздиҳӣ фаъолона иштирок кунанд.

Кишвардор фармон дод, ки овоздиҳӣ аз 25 июн то 1 июл баргузор карда шавад.

Ӯ гуфт рӯзи асосии овоздиҳӣ- рӯзи 1 июл истироҳат эълон мешавад.