Омори нави коронавирус дар Тоҷикистон: шумораи гирифторон марзи чор ҳазорро убур кард

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави коронавирусро нашр кардааст. Ниҳод афзудааст, ки ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 1 июни соли равон дар мамлакат 1814 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 201 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Дамгирӣ бас? Дастури Ситод ба вазорату идораҳо
Бино бар иттилои манбаъ, ҳамзамон, то соати 18:00 дақиқаи 1 июн дар кишвар 4013 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, ба рӯзи гузашта 83 ҳолати нав рост меояд.

Аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2089 нафар шифо ёфтаанд.

Омори фавтро вазорат бетағйир гуфтааст, ки то имрӯз  мутаассифона аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд.

"Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд", - таъкид мекунад манбаъ.

Шифои 119 ҳазор нафар аз коронавирус дар Эрон

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.