ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дирӯз, 31 май180 нафар шаҳрвандони мамлакат аз Дубай ба Душанбе баргардонида шуданд.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад, 31 май бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии "Флай Дубай" шаҳравандони боқимондаи Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.
Пештар "Сомон Эйр" низ қисме аз ҳамватанонро ба Тоҷикистон баргардонида буд.
49 муҳоҷиру 13 ҷасад: ҳавопаймои Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Ватан расонд
Бино бар иттилои дарёфтӣ, шаҳрвандоне ки аз Дубай баргаштанд, пешакӣ аз ташхиси вирусӣ гузаштанд ва бинобар манфӣ будани натиҷаҳо, карантин нашуда, ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.