Амрико дар бораи хуруҷи низомиён аз Афғонистон фикрашро иваз кард

Намояндаи доими Амрико дар Созмони паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) бар идомаи ҳузури низомиёни кишвар дар Афғонистон таъкид кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Ки Били Ҳочесон, намояндаи доими Амрико дар НАТО талоши Доналд  Трамп дар хусуси хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар ноябрро рад кард ва гуфт, чунин тарҳе дар авлавият қарор надорад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстуде”.

Амрико тасмим дорад Толибонро ба поёни ҳамлаҳо ва оташбас ташвиқ кунад

Давлати Амрико дар ҷараёни тавофуқи сулҳ бо Толибон дар 29 феврали гузашта дар Доҳа- пойтахти Қатар мутааҳҳид шуд, ки неруҳои низомии худро ба таври комил аз Афғонистон хориҷ кунад.

Бо вуҷуди гузашти чанд моҳ аз имзои ин тавофуқ ҳануз давлати Амрико ҷадвали замонбандӣ барои хориҷ кардани низомиёни худ аз Афғонистонро мунташир накардааст.

Манбаъ зикр намиудааст, ки дар шароите намояндаи Амрико дар  НАТО ба сиёсати кишвараш дар идомаи ҳузури низомӣ дар Афғонистон эътироф кардааст, ки барқарории сулҳ дар ин кишвар ба иҷрои тааҳҳуди Кохи Сафед барои хуруҷи комили низомӣ аз Афғонистон гиреҳ хурдааст.

Чунончи Амрико нахоҳад тибқи тавофуқи Доҳа ба ҳузури низомии худ дар Афғонистон поён диҳад, бори дигар бар шиддати хушунатҳо дар ин кишвар аз сӯи Толибон афзуда хоҳад шуд, зеро шарти аслии ин гурӯҳ барои барқарории оташбаси доимӣ ва канор гузоштани силоҳ, хуруҷи комили низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон аст.