Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Теъдоди дардмандони коронавирус дар Ӯзбекистон аз 3,5 ҳазор гузашт

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон дар робита ба маризии коронавирус омори нав нашр намуд. Бар тибқи маълумоти вазорат шумораи умумии беморон аз 3,5 ҳазор ҳам бештар шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Дар Ӯзбекистон шумораи дардмандони маризии коронавирус дар ҳоли афзоиш аст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии ин кишвар.

Теъдоди дардмандони коронавирус дар Ӯзбекистон марзи 3 ҳазор маризро убур кард

Тибқи иттилои вазорат, дар давоми як рӯзи охир дар Ӯзбекистон 8 ҳолати нави сироятшавӣ ошкор карда шуд, ки ҳамакнун сафи умумии маризон ба 3554 нафар расид.

"То 31 май шумораи ҳодисаҳои сирояти коронавирус дар Ӯзбекистон ба 3554 нафар баробар шудаастнафар аст", - таъкид мешавад дар хабар.

Қайд карда мешавад, ки як рӯз пеш дар ин кишвар 58 ҳолати нави коронавирус ба қайд гирифта шуда буд, рӯзи ҷумъа афзоиши он 44 нафар буд ва рӯзи панҷшанбе шумораи беморон якбора ба 75 нафар зиёд шуд.

Вазорати тандурустӣ илова кард, ки ҳоло 757 бемори коронавирус таҳти муолиҷа қарор доранд. Пизишкон вазъи саломатии нӯҳ маризро вазнин ва аҳволи як беморро шадидан вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бурузи ин маризӣ дар Ӯзбекистон аз 12 - уми март шурӯъ шуд.