ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Кормандони милитсия сокини 35 - солаи ноҳияи Вахшро боздошт намуданд, ки дар қатли падари худ гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур шаби 28-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:30-дақиқа рух додааст.
Сохтмоне, ки поёнаш бо куштор анҷомид: коргарро ба қатл расонидаю пеши хона гӯр кардаанд
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки номбурда бо мақсади қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба падараш, марди 58-солаи сокини ҳамон ҷо дар манзили истиқоматиашон бо зарфи обгираки оҳанин (қарабои) аз ҷойгаҳи хобаш бедор карда, бо баҳонаи он, ки ӯ қаблан ҳамсараш, зани 30-солаи сокини ҳамонҷоро лату кӯб кардааст, ба сару руяш се маротиба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуда, ба ҳалокат расидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.