Харҷро кам кунед: дастури Президент дар пайи иҷро нашудани нақшаи андоз

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шароити феълӣ, ки нақшаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ иҷро нашуда истодаанд, дастур додаст, ки хароҷоти дуюмдараҷа кам карда шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Раисиҷумҳур дар мулоқот бо феъолони Хатлон гуфт, соли 2019 нақшаи андозҳо ва андози иҷтимоӣ дар вилоят 100 фоиз иҷро шудааст, вале дар чор моҳи соли 2020 иҷрои 4 намуди андоз таъмин нашудааст.

Раҳмон гуфт, охири имсол ба раисон аз рӯи чӣ баҳо медиҳад

“Тамоюли пастравии ин нишондиҳанда ба сатҳи иҷтимоии вилоят таъсири манфӣ мерасонад, чунки қариб 90 фоизи қисми хароҷоти буҷети вилоят ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст”, - изҳор дошт Раҳмон.

Ӯ роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати молия ва Кумитаи андозро муваззаф кард, ки камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф карда, рушди тамоми соҳаҳо, афзоиши даромади буҷет, такмили низоми андозбандӣ, таъмини шаффофият, баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет ва нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷетро таъмин намоянд.

“Дар шароити имрӯза бинобар иҷро нагардидани нақшаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои босифати нишондиҳандаҳои қабулшуда, кам намудани хароҷоти дуюмдараҷа, коҳиш додани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз, идораи самараноки амволи давлатӣ, фарогирии пурраи амалиёти молиявӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорӣ ва мунтазам дастгирӣ кардани соҳибкорон, ташаккули манбаъҳои нави андозбандӣ, ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми воридоти маблағҳо ба буҷет ва пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа пайваста чораҷӯӣ намоянд”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.