ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Як манбаъ дар Раёсати ВКД – и вилояти Хатлон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум шаби гузашта дар манзили худ ҷон ба фонофарин таслим кардааст.
“Он кас ҳудуди як моҳ ба ин сӯ таҳти назорати табибон буданд. Як муддат дар шифохона ва сипас манзилашон табобат гирифтанд. Аммо дар бораи маризиашон маълумоте надорем”, - гуфт ин манбаъ.
Абдулваҳҳоб Искандарзода узви дуюми хонаводаашон аст, ки тайи як моҳи ахир вафот кардааст. Ду ҳафтаи қабл бародари ӯ Абдусалом Искандарзода, собиқ сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон дар гуруҳои навоҳии минтақаи Кӯлоб фавтида буд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Искандарзода Абдулваҳҳоб Мансур 25 ноябри соли 1957 таваллуд ёфта, хизмати аскариро дар Ҷумҳурии демократики Афғонистон дар сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адо кардааст ва бо нишонҳои президуми Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ “Ҷанговари интернатсионалисти Иттиҳоди Шӯравӣ” ва президенти Афғонистон қадрдонӣ шудааст.
Бино ба ин манбаъ, аз 22 майи соли 1984 дар сафи милиса ба фаъолият оғоз намудааст.
“Дар раёсати шӯъбаҳои милисаи собиқ вилояти Кӯлоб дар вазифаҳои нозири шуъбаи кадрҳо Раёсати корҳои дохилӣ (РКД), нозири калони РКД, ёвари сардор ва сардори шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии РКД, сардори РКД, сардори Шӯъбаи корҳои дохилӣ ва сардори бахши минтақаӣ кор кардааст. Як замон муовини сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар гуруҳи навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, сипас муовини сардори Раёсати ВКД дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардааст”, - омадааст дар баёни ҳасби ҳоли ӯ.
Абдулваҳҳоб Искандарзода 20 январи соли 2016 сардори РВКД дар Вилояти вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуд. Рӯзи 25 августи соли 2017 аз сӯи президенти Тоҷикистон ба ӯ рутбаи генерал-майори милиса дода шуд.
Сипас 12 декабри соли 2017 аз вазифаи сардори РВКД дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон сабукдӯш ва баъдтар муовини сардори сардори РВКД дар вилояти Хатлон таъин шуд.
“Ӯ чанде қабл ба нафақа рафт ва зиндагии мулкиро аз сар гирифт. Ӯ дар хотираҳои мо ҳамчун як ҳамкори меҳрубон ва низомии ҳирфаиву ватандӯст боқӣ хоҳад монд”, - гуфтанд дар Раёсати ВКД – и вилояти Хатлон.
Дар ҳамин ҳол, Абдулваҳҳоб Искандарзода танҳо генерал – майоре нест, ки тайи ду моҳи ахир дар Тоҷикистон олами фониро тарк кардааст. Қаблан Абдулло Ҳабибов, собиқ муовини вазири дифоъ, Абдураҳмон Азимов, фармондеҳи собиқи нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистон, Абдулназар Абдуласанов, собиқ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон низ дар айни бознишастагӣ ба даъвати ҳақ пайвастанд.