ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон гуфт, соли 2020 бо ҷалби сармояи ватанӣ аз ҷониби Ҷамъияти “Мармарӣ” дар ноҳияи Данғара ба истифода додани корхонаи истеҳсоли гӯшти паранда ба маблағи 153 миллион сомонӣ бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз 5 ҳазор тонна дар як сол ба нақша гирифта шудааст.
Ӯ афзуд, ки фаъолияти корхона ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона гардидааст.
"Инчунин, соли ҷорӣ аз ҷониби ширкати зикршуда ташкили корхонаи истеҳсоли гӯшти чорво дар ноҳияи Ёвон барои истеҳсоли 1000 тонна гӯшти гов дар як сол ба маблағи 105 миллион сомонӣ бо 32 ҷойи кори доимӣ ва зиёда аз 70 ҷойи кори мавсимӣ дар назар дошта шудааст", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дод, ки барои рушди чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ, ташкили маҷмааҳои агросаноатӣ бо мақсади ба роҳ мондани силсилаи пурраи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ, маҷмааҳои парандапарварӣ ва ба ин васила ҳарчи беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд