Ронандаи рус духтари тоҷикро дар Маскав аз таҷовуз наҷот дод

Ба телефони ҳамроҳи ронандаи таксӣ дар Маскав номаҳои ҳаргуна меомаданд, аввал ӯ фикр кард, ки касе ӯро аҳмақ мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Ронандаи таксӣ дар Маскав Дмитрий Филин тоҷикдухтари 24-соларо аз дасти таҷовузгарон наҷот дод, нақл мекунад нашриёти "Метро".

Бомдод барои ронандаи таксӣ чун ҳамешагӣ бо қабули фармоиш оғоз шуд. Ӯ соати 4-и саҳар фармоиш гирифту ба ҷои муқарраршуда ҳаракат кард.

Ронанда даррав безобита шуд, чун дар баробари фармоиш ба ӯ номаҳои зиёде мемомад, вале ҳатто дар сурати холӣ будани роҳҳо Дмитрий дар навбати аввал таваҷҷӯҳи худро ба роҳ банд мекунад.

"Ин духтар аз ман ёрӣ мехост, дар аввал ман нафаҳмидам ӯ чӣ мехоҳад. Баъд ӯ пурсид, оё ман номаҳоро мехонам ё не. Баъд навишт: "Маро дар ин ҷо ба зӯрӣ нигоҳ медоранд ба ҳамин суроға милисаҳоро ҷеғ занед". Ман худам пас аз 5 дақиқа аллакай дар ҷои ҳодиса шудам", - нақл мекунад Дмитрий.

Мувофиқи суроғаи таъкидшуда ронанда ба истгоҳи мошинҳои зери маркази савдо дар Троитск расид, вале духтарро он ҷо наёфт ва боз ба чат таваҷҷӯҳ кард, то суроғаро санҷад.

"Ман суроғаро намедонам, намедонам дар куҷоям, илтимос ба милисаҳо занг занед", - навишта буд ӯ. Мумкин ӯ дар ҷое худро пинҳон карда буд, чун бисёр зуд ба номаҳо ҷавоб менавишт. Ман ба ӯ гуфтам, ки дар суроғаи ту фақат мағозае аён аст. Пасон ӯ дар бораи кадом муҳоҷирону вагонҳову сохтмонҳо нақл кард. Ӯ боз ба ман навишт - "Ман тоҷикам". Вақте ӯ гуфт "Маро таҷовуз мекунанд", - фаҳмидам кӣ кор ҷиддист.

Дмитрий ҳамон лаҳза ба мақомоти пулис муроиҷат кард ва ҳамаи номаҳоро дар ихтиёри онҳо гузошт, вале пас аз чанде номаҳо дастнорас шуданду фақат доду войи духтар шунида мешуд. Мақомоти пулис дарҳол ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд.

Баъди як соат милисаҳо ба ронанда занг зада гуфтаанд, ки гунаҳкорон дастгир шуданду духтар наҷот ёфт. 

"Ман ба эҳсосот дода нашудам. Коре кардам, ки ҳар кас ҳам дар ҷоям мебуд, анҷом медод. Ва вақте, ки ба ман гуфтанд духтар дар амон аст, ман ба корам идома додам", - гуфт Дмитрий.

Дар ширкате, ки Дмитрий Филин кор мекунад, гуфтанд "чунин ронандаҳо қаҳрамонанд" ва ваъда доданд, ки ба ӯ мукофот хоҳанд дод.