Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз кишти 100-гектарии гандум дар Данғара

Деҳқонон ба ғайр аз гандум дар майдони 80 гектар замин пахта, дар боқимондаи он дигар намуди зироати кишоварзӣ аз қабили, картошка, пиёз ва полезиҳо кишткардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз нашъу намои замини гандуми Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии "Муҳсинҷон" боздид кард, гузориш медиҳад дафтари матбуоти президент. 

"Самти асосии ширкати "Муҳсинҷон" ба парвариши тухмии навъҳои маҳаллии ҳосилдеҳи гандум нигаронида шуда, хоҷагидорон дар ин самт таҷрибаи бой доранд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, соли ҷорӣ деҳқонон дар майдони зиёда аз 100 гектар гандум кишт кардаанд, ки ҳоло нашъу намои он хуб ба назар мерасад. Дар майдони 80 гектар замин пахта, дар боқимондаи он дигар намуди зироати кишоварзӣ аз қабили, картошка, пиёз ва полезиҳо кишт шудааст.
Орд арзон мешавад? захираи 480 тонна орд ва 500 тонна гандум дар Рашт

Қариб 200 гектар замини  "Муҳсинҷон"-и ноҳияи Данғара обӣ буда,  асосан навъҳои гандуми маҳаллии серҳосили ба иқлими ноҳияи калони ғаллакори мамлакат-Данғара кишт карда шудааст.

"Мувофиқи иттилоъи масъулон соли равон дар майдони 50 гектар аз тухми гандуми ҳосилдеҳи "Фарҳоди", ки маҳсули офаридаи олимони соҳаи кишоварзии мамлакат мебошад, кишт карда шудааст", - менависад дафтари мутбуот.

Хадамот: масъалаи гандум ҳал шуд, чанд рӯз пас картошка ҳам фаровону арзон мешавад

Гуфта мешавад, ҳосили интизории имсолаи ғаллазори замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии "Муҳсинҷон"-и ноҳияи Данғара, ки ҳоло нашъу намои хуб дорад 60 сентнерро ташкил хоҳад дод.

 Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид ва шиносоӣ аз нашъу намои замини ғалла ба масъулон чиҳати гирифтани ҳосили фаровони гандум, таъмин кардани ҳама хоҷагиҳои ғаллакори ҷумҳурӣ бо тухмиҳои ба иқлим мутобқи ҳосилдеҳ маслиҳатҳо дод, афзудааст манбаъ.