Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Хайри се вакили тоҷик аз ҳисоби маоши худ ба беморхонаҳо

Се вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон - Ватанзода Маҳмадалӣ, Хайрулло Амонулло ва Зоир Раҳмонзода аз ҳисоби маоши худ ба табибон барои мубориза бо коронавирус кумак кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Вакилони мазкур аз ҳисоби маош ба беморхонаҳои ноҳияи Фархор ва оилаҳои ниёзманд 11500 дона ниқоб, беш аз 1000 дона маҳлули зиддивирусӣ, 150 баста либоси махсуси тиббӣ, дастпӯшакҳои бисёркарата, айнакҳои тиббӣ, доруворӣ ва маҳсулоти ғизоӣ кумак намуданд, хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Шифои академик Фелалиев, собиқ ноиби раиси парлумони Тоҷикистон аз коронавирус-акс

Манбаъ афзуд, ки инчунин бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ба 20 оилаи ниёзманд ва иддае аз сокинони деҳоти Ғайрат ва Дарқади ноҳияи Фархор маҳсулоти ниёзи аввалия, аз қабили  орд, равған, қанд, макарон, картошкаву пиёз ва ниқобҳои тиббӣ расонда шуд.

“Инчунин, аз ҷониби Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ба сокинони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон кумаки тиббӣ, иборат аз 1850 ниқоб, 520 дастпӯшаки муҳофизатӣ, 690 маҳлули антисептикӣ ва дигар лавозимоти зиддивирусӣ фиристода шуд, ки дар беморхонаи марказии ноҳия, шаҳраки Панҷ, деҳоти Нури Ваҳдат, Озодагон ва ба номи Кабут Сайфиддин тақсим карда шуд.

Маҳмадалӣ Ватанзода дар парлумон, муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон, Хайрулло Амонулло, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва Зоир Раҳмонзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин мебошанд.