Эълони Вазорат: касе нафавтид, 123 нафари дигар гирифтори коронавирус шуданд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то соати 17:20 дақиқаи 29 май дар ҷумҳурӣ 3686 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1769 нафар шифо ёфтаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, теъдоди фавтидагон аз коронавирус тайи шабонарӯзи гузашта тағйир наёфта, ҳамоно 47 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳабиб номзади мувофиқ ба мансаби роҳбари Доғистон унвон шуд

Бар асоси иттилоия, давоми шабонарӯзи гузашта 123 ҳолати нави ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Инчунин, то 29 май дар мамлакат 2228 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 331 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Ин ниҳод хотиррасон кардааст, ки аҳолӣ барои пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Тибқи иттилои расмӣ, имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб дар хидмати мардум қарор доранд.

Ба ғайр аз ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Зикр шудааст, ки барои таъмини беморхонаҳо бо доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои худмуҳофизатӣ алайҳи мубориза бо бемории мазкур зиёда аз 45 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷет ва дигар ташкилотҳо ҷудо карда шудааст.