Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Пентагон: коронавирус миёни низомиёни афғон густариши шадид ёфтааст

Вазорати дифои Амрико эълом кардааст, ки эҳтимол дорад зиёд аз 50 дарсади неруҳои амниятии Афғонистон ба коронавирус мубтало шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Ба нақл аз рӯзномаи Нию-Йорк Таймз, Вазорати дифои Амрико - Пентагон ба далели шуйюи коронавирус миёни неруҳои амниятии афғон, амалиёти муштарак ва омӯзиши низомиёни Афғонистонро мутаваққиф карда ва ин мавзӯъ амалиёти алайҳи неруҳои террористӣ аз ҷумла ДОИШ-ро таҳти таъсир қарор додааст, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.

Афзоиши гирифторони коронавирус дар Афғонистон: аз 11 ҳазор гузашт

Ба навиштаи ин рӯзномаи амрикоӣ, бо вуҷуди таваққуфи амалиёти низомии муштарак, ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ин кишвар алайҳи неруҳои террористӣ идома хоҳад дошт.

Мақомоти Пентагон бар ин боваранд, ки 50 дарсади низомиёни Афғонистон ба коронавирус мубтало шудаанд.

Тибқи оморе, ки мақомоти Афғонистон санаи 25 май нашр карда буд, дар ин кишвар, шумораи мубталоён ба коронавирус марзи 11 ҳазор нафар гузашт.

Он замон гуфта шуда буд, ки аз лаҳзаи ворид шудани вирус дар Афғонистон то кунун, 1095 беморе табобат шуданд.