Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори вазъ дар Хуросон баъди як ҳафтаи омадани сели калон дар ноҳия пайдо шуд.
Дар наворе, ки аз баландӣ гирифтаанд, дида мешавад, ки садҳо манзили сокинон то ҳол зери об мондааст.
Дарахтон, биноҳо ва манзилҳо ҳама зери лойқаанд.
Наҷотдиҳандагон то ҳол оқибатҳои сел дар ноҳияро бартараф мекунанд. Бештар аз 260 хона дар ноҳия пурра корношоям шудаанд.
Сокинон дар навор нақл мекунанд, ки аз ҷониби мақомот ба онҳо кӯмак мерасад.
Хаймаҳои муваққатӣ рост карда шуда, озуқаворӣ - орд, равған, гӯшт, оби ошомиданӣ, либос, дору ва дигар лавозимоти эҳтиёҷи аввал дастрас карда мешаванд.
Раиси Хатлон ба мардуми Хуросон барои тақсимоти одилонаи кумакҳо ваъда дод
Пештар барои сокинон қитъаи замин низ тақсим карда шуда буд. Афзун бар ин, ба онҳо масолеҳи сохтмонӣ низ дастрас карда мешавад.