Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Тоқаев гуфт, Қазоқистон ба қуллаи авҷи коронавирус расид: "бояд ба мавҷи дуюм омода бошем"

Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев мегӯяд, кишвараш ба авҷи баландтарини маризии сироятии коронавирус расид ва онро паси сар кард. Аммо ӯ аз сар задани мавҷи дуюми ин беморӣ ҳушдор дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Қазоқистон баландтарин авҷи маризии сироятии коронавирусро паси кард, изҳор дошт раисҷумҳури ин кишвар дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои миллии эътимоди мардум.

"Кишвари мо аз авҷи паҳншавии пандемия гузашт. Аммо мубориза бо эпидемия ҳанӯз ба анҷом нарасидааст. Эпидемия хатарнок аст. Коронавирус арзишҳои ҷаҳони муосирро ба таври назаррас тағйир додааст", - афзудааст Тоқаев.

Зимнан, раисҷумҳури Қазоқистон ёдовар шуд, ки қаблан ҳам аз бурузи мавҷи дуюми маризии сироятии коронавирус ҳушдор дода буд.

Дар Қазоқистон 307 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид

Ӯ дигарбора аз тамоми шаҳрвандони кишвараш даъват ба амал овард, то ба эҳтимоли авҷ гирифтани мавҷи дуюм дар Қазоқистон, ҳамаҷониба омода бошанд.

Дар Қазоқистон як зани садсола аз коронавирус шифо ёфт

То санаи 27 май танҳо дар Қазоқистон 9 304 ҳолати сирояти коронавирус ошкор карда шуд, ки аз он 4669 нафар шифо ёфта, 37 нафар ҷон доданд.