ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон 67 хонаводаи аз селҳои ахир осебдидаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон рӯзи соҳиби замин шуданд.
Ба иттилои манбаъ, қарор аст онҳо аз ин минтақи селзада ба маҳалли дигар, деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ кӯч банданд.
Манбаъ мегӯяд, рӯзи иди Сайиди Фитр бо қуръапартоӣ ин 67 хонавода аввалин асноди занини навро ба даст оварданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳар оилаи зарардида аз қитъаҳои дигари дур аз селроҳа соҳиби 8 сотих замин шуданд ва онҳо ҳақи бунёди хонаву киштукор дар ин заминҳоро хоҳанд дошт.
“То бунёди хонаҳои нав онҳо дар хаймаҳое зиндагонӣ хоҳанд кард, ки ҳоло дар ихтиёр доранд” ,-афзудааст манбаъ.
Дастури Ҳакимзода барои ҷудо кардани қитъаи замин ба хонаводаҳои зарардидаи Хуросон
Ёдовар мешавем, дар пайи боронҳои сели ахир 244 хоҷагии деҳаҳои Н. Асадулло, Хуросон ва 18-уми Ҳизби ҷамоати С.Айнӣ зарари иқтисодӣ расида, аз ин 33-хоҷагӣ пурра, 9-хоҷагӣ қисман, ба дохили 181 ҳавлии сокинон ва хонаҳои истиқоматии онҳо, иншоотҳои ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигӣ обу лойқа даромада буд.
“Аз сабаби идомаи фурӯ рехтани ярч 21 нафар сокинон худсарона хонаҳои истиқоматиашонро кандаанд”,- мегӯяд КҲФ.
Гуфта мешавад, ҳоло корҳои бартарафсозии паёмадҳои ин сели харобиовар идома доранд.