Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Хатлон озмоишгоҳи вирусологӣ фаъол шуд: ташхис ройгон аст

Озмоишгоҳи вирусологӣ дар Хатлон бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавирус таъсис дода шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолият шурӯъ кард, ки он имкон дорад дар як шабонарӯз 150-200 таҳлил анҷом диҳад.

Роҳандозии озмоишгоҳи вирусологӣ дар Хуҷанд барои муайян кардани коронавирус

Ба иттилои мудири Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Нурулло Бояков, ташхисгоҳи мазкур бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 таъсис дода шуда, имкони дар як шабонарӯз гузаронидани 150-200 таҳлилро дорад.

Пас аз тавсияи Созмони ҷаҳонии беҳдошт: Суғд соҳиби озмоишгоҳи вирусологӣ мешавад

Бояков изҳор доштааст, ки хизматрасонии озмоишгоҳ комилан ройгон роҳандозӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ташхисгоҳи мазкур бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар назди ташхисгоҳи амалкунандаи Марказ таҳти роҳбарии ӯ ба кор оғоз кард.

Бояд қайд кард, ки чунин як ташхисгоҳи вирусологӣ барои муайянсозии бемории COVID-19 дар шаҳри Кӯлоб низ ба кор шурӯъ кард ва акнун дар ҳудуди вилояти Хатлон анҷом додани ҳамаи таҳлилҳо имконпазир гардид. Қаблан намунаи таҳлили гумонбарони бемории COVID-19 барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.