ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Чемпионати Испания, ки ба сабаби пандемияи коронавирус, моҳ март қатъ шуда буд, рӯзи 8-уми июн аз нав оғоз меёбад.
Дар ин бора рӯзномаи Marca дар такя ба суханони Педро Санчес сарвазири Испания хабар додааст.
“Испания он чиро, ки бояд иҷро мекард, анҷом дод. Акнун дар назди ҳар яки мо вазифаҳои нав меистад. Замоне расидааст, ки бисёре аз машғулиятҳои ҳаррӯзаи мо дубора барқарор шаванд. Чемпионати футболи кишвар 8-уми июн оғоз хоҳад шуд”, - гуфтааст Санчес.
Ёдовар мешавем, қаблан, Хавйер Тебас президенти Ла Лига гуфт, бозиҳо бидуни тамошобин баргузор мешаванд ва ба бошгоҳҳо иҷоза дода шуда буд, ки аз 18-уми май тамринҳои гурӯҳиро аз нав оғоз кунанд.
То ин замон тамринҳои бозигарон ба таври инфиродӣ сурат мегирифт.
Чемпионати Испания аз машҳуртарин мусобиқоти футбол аст, ки ҳаводорони зиёд дорад. Дар ин мусобиқот ду бошгоҳи бузурги сайёра “Реал Мадрид” ва “Барселона” ҷой доранд.