Болоравии рубл ва суқути доллар дар Тоҷикистон

Дар овезаи бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон қурби рубли русӣ имрӯз аз 0,144 то 0,147 сомонӣ нишон дода шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русӣ дар бонкҳои кишварро аз 0.1400 то 0.1439 сомонӣ арзёбӣ кардааст, ки нисбати нишондоди моҳҳои охир баланд мебошад.

Пул нест: касри буҷет дар чаҳор моҳ ба 60 миллион доллар расид

Қурби доллар бошад тайи чанд ҳамфтаи ахир пас аз болоравии бесобиқа дубора каме поин омад ва дад ҳоли суқут карор дорад.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.2685 то 10.2700 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.2625то 11.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Аммо дар бонкҳои кишвар нисбатан дар “Бонки Эсхата” хариду фурӯши 1 рубл аз 0.1440 то 0.1460сомонӣ муқаррар шудааст.

Нишондоди бонкҳои дигар аз БМТ поинанд.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1400 то 0.1450 ва дар “Алифбон” бошад 1 рубл аз 0,1430 то 0,1470сомонӣ нишон дода шудааст.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".