ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон 10 дар сад гарон шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА дар истинод ба Ожонси омори кишвар.
Гуфта мешавад, дар чаҳор моҳи аввали сол мизони таваррум дар ҶТ 4,9 дарсад буд.
Бино ба додаҳои Ожонси омори ҶТ, дар ин муддат нархи маводди ғизоӣ 9,3 дарсад боло рафтанд ва баръакс, нархи колоҳо ва хидматрасониҳои пулакӣ 0,3 ва 0,2 дарсад коҳиш ёфтанд.
Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-апрел нархи сир 3,2 баробар, картошка ва лимон 2,2 баробар, себ 35,9 дарсад, орд 14 дарсад, помидор 13,2 дарсад, макарон 11,7 дарсад, сабзӣ ва равғани панба 6,7 дарсад, шакар 6,6 дарсад афзойиш ёфт.
Гуфта мешавад, ки нархи бодиринг 56,1 дарсад, пиёз 9,6 дарсад, шир 9,1 дарсад, гӯшти мурғ 5,4 дарсад ва тухм 4,9 дарсад коҳиш ёфт.
Саҳми Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар Фонди мубориза бо коронавирус
Ёдовар мешавем, ки мизони таваррум дар ҶТ соли гузашта 8 дарсад буд.
Имсол бонки миллии кишвар дар сатҳи 7 дарсадӣ нигоҳ доштани таваррумро роҳадозӣ мекунад.