Ба гуфтаи Баҳронова пас аз 20 март ба далели баста шудани роҳҳо, шумори дархостҳо ба такси коҳиш ёфтааст. Ниёз ба такси пас аз эълони Ситоди ҷумҳуриявӣ дар бораи вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон якбора ба маротиб коҳиш ёфт.
“Аксари ширкатҳо комилан ба фаъолияти фосилавӣ гузаштанд. Кори макотибу донишгоҳҳо дар шаҳри Душанбе низ қатъ шуд. Ин ҳама ба кори таксиҳо таъсир гузошт. Дархостҳо тақрибан 60 дарсад коҳиш ёфт. Ин раванд миёни тамоми ширкатҳои пойтахт мушоҳида мешавад. Ронандаҳое, ки аз бонкҳо қарздор буданд, зарари ҷиддӣ диданд. Аксари онҳо мошинҳои харидаи худро ба фурӯш гузоштанд, то аз ин вазъи мушкил роҳи наҷот пайдо кунанд”, - гуфт роҳбари ширкати Atlas Taxi Таҳмина Баҳронова ба Sputnik Тоҷикистон.
Вай таъкид дошт, ки дар шароити пандемия таксиҳо ба расонидани маводи ғизоӣ даст заданд, ки қаблан ин хизматрасонии иловагӣ ба шумор мерафт ва пардохти ҳаққи хизмати он алоҳида ҳисоб мешуд.
“Ҳоло ба ҳама чизе лозим аст ва сокинон ба якдигар ҳар лавозимоте мефиристанд. Аз доруворӣ то либоса интиқол медиҳем. Ҳоло мо танҳо пули хатсайро ҳисобу китоб мекунем”, - илова кард Баҳронова.
Роҳбари Atlas Taxi зикр кард, ки ширкат ронандаҳои худро бо ниқоб ва маводҳои антисептикӣ пурра таъмин менамояд. Ҳамчунин ширкат таксиҳои худро ҳамарӯза дезинфексия ё безарар мекунад.
Баҳронова қайд кардааст, ки пандемия дар Тоҷикистон чанд моҳи дигар тӯл мекашад ва ба ҳамин хотир ширкат бо маркетологҳо барои ҷори намудани хизматрасониҳои нав гуфтушунид дорад.