"Бадахшон": намоҳанги нави Меҳрнигор ба забони шуғнонӣ, ки пас аз сабт ӯ бемор шуд - видео

Меҳрнигори Рустам сарояндаи ҷавону машҳури Тоҷикистон намоҳанги нави худро таҳти унвони "Бадахшон" пешкаши мухлисон кард
Sputnik

Овозхони номдори тоҷик Меҳрнигори Рустам намоҳанги нави худро дар шабакаи Youtube нашр кард. Матни суруд ба қалами рӯзноманигор Орзу Исоев тааллуқ дошта қисми аввали он ба забони шуғнонӣ иҷро шуда ва баъд ба забони тоҷикӣ идома мекунаду дар охир бо мадҳиясароӣ ва талаби шифо аз Худованд анҷом мепазирад.

Намоҳанг дар манзараҳои зебои Данғара ба навор гирифта шшудааст. Ин клипро сарояндаи ҷавон Некрӯз Ниёзов тамзим карда ва он таҳти мудирияти Сафаров Бахтовар омода шудааст.

"Маринес" - суруди помирӣ дар иҷрои Нигина ва базми мардумӣ-видео

Меҳрнигори Рустам барои омода карани ин намоҳанг ба сарояндаи машҳур писари маэстро Далер Назаров - Аброр Назаров изҳори сипос кардааст.

Пироҳанҳои пӯшидаи Меҳрнигор дар ин намоҳанг маҳсули дасти тарроҳони номӣ Хуршед Сатторов ва Нафиса Имронова мебошад. Дар намоҳанг гурӯҳи рақсии "Парасту" Меҳрнигорро ҳамроӣ мекунанд.

Меҳрнигор пештар дар барномаи "Ногуфтаҳо"-и Орзу Исоев дар бораи сабти ин намоҳангаш гуфт, авохири моҳи апрел барои сабти намоҳанг ба Данғара сафар карда буд ва пас аз як рӯз вазъи саломатиаш ногувор шуд.

"Маззаро эҳсос намекардам, беҳолӣ буд, овозам гирифт, биниям маҳкам шуд ҳарорат ҳам доштам", - гуфт Меҳрнигор ва афзуд, ки пизишкон ба ӯ ташхиси аллергия гузоштанд.

Меҳрнигор намоҳанги нави худро рӯзи 24 май дар остонаи Иди Фитр ҳамчун армуғон барои мухлисонаш пешкаш кард. То имрӯз ин намоҳангро беш аз 20 ҳазор кас боздид карда ва зиёда аз ҳазор ккорбар писандидааст.

Ногуфта намонад, ки барои ҷамоати исмоилии Бадахшон рӯзи 24 май рӯзи вижа аст.

Дар ин рӯз мардуми Бадахшони Тоҷикистон Рӯзи Нур ё дидорро таҷлил мекунанд. Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ, ки дар замони шуравӣ бо пайравонаш аз Осиёи Марказӣ робитаи маҳдуд доштааст, нахустин бор аз Тоҷикистон соли 1995 дидан кард ва аз он сол инҷониб исмоъилиёни Тоҷикистон 24-уми майро ҳамчун Рӯзи Нур ё Дидор ҷашн мегиранд.