ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Нашрия қайд мекунад, ки омор ба ширкати Edge Health дар асоси маълумоти Хадамоти миллии тандурустии Британияи Кабир (NHS) асос ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин бозӣ 41 фавти мухлисон бинобар сабаби хуруҷи Ковид-19 ба қайд гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, мубталоёни ин беморӣ пас аз 25-30 рӯзи бозӣ фавтиданд.
Манбаъ мегӯяд, шумораи фавтидагон тавассути додаҳо пас аз омадани мухлисони испанӣ ба Англия ва муқоисаи шумораи фавт дар дигар минтақаҳои кишвар ба даст оварда шудааст.
Бар пояи иттилооти коршиносони Imperial College London ва Донишгоҳи Оксфорд, дар вақти бозиҳои дастаҳои испанӣ 640 ҳазор нафар ва дар вақти бозиҳои дастаҳои англисӣ 100 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шуданд.
Бозии “Ливерпул” ва “Атлетико” 11-уми март дар “Энфилд” баргузор шуд, ки 52 ҳазор мухлис ин вохӯриро аз майдон тамошо намуд ва бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи меҳмонон хотима ёфт.