ДУШАНБЕ, 25 мая — Sputnik. Дар ин кишвар давоми шабонарӯзи гузашта боз 16 ҳолати ҷадиди мубталошавӣ ба ин маризӣ сабт гардид, хабар медиҳад ситоди фаврии назди ҳукумати Ӯзбекистон.
Манбаъ меафзояд, рӯзи гузашта дар Ӯзбекистон 49 ҳолат, рӯзи шанбе - 79 ва рӯзи ҷумъа 69 мавриди нав ба қайд гирифта шуд.
Тамдиди қарантина дар Ӯзбекистон ва афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон
Бино бар маълумоти ситоди мазкур, феълан дар ин кишвар 602 бемори мубтало ба коронавирус таҳти табобат ва назорати амиқи табибон қарор доранд.
Пизишкони ӯзбек вазъи се маризи вируси COVID-19 - ро бисёр вазнин арзёбӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Ӯзбекистон хабар дода буд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон низ бо аломатҳои маризии коронавирус дар дармонгоҳҳои ин кишвар ба табобат фаро гирифта шуданд.