Даҳҳо тоҷики депортшуда аз Русия ба ватан баргаштанд: интиқоли шаҳрвандон идома дорад

Ҳавопаймое, ки даҳҳо шаҳрвандони депортшударо аз Русия ба Тоҷикистон интиқол дод, аз бозгашт омӯзгорони русро ба ватани онҳо бурд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Шаби гузашта тавассути ҳавопаймои "Ют - Эйр" даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бинобар авҷ гирифтани маризии коронавирус ва баста шудани равобити ҳавоӣ дар Русия дармонда буданд, ба ватан интиқол ёфтанд.

Ҳавопаймо бо кумакҳои пизишкии Эрон ба Тоҷикистон парвоз кард

Миёни мусофирони ин ҳавопаймо теъдоди афроди депортшуда аз Русия низ кам набуд.

Гуфта мешавад, ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бозпас ба пеши хешу пайвандони худ баргаштанд, чиптаи ҳавопаймоиро худ харидорӣ намуданд.

Зикр мегардад, ки ҳавопаймои мазкур аз бозгашт омӯзгорони русро, ки дар Тоҷикистон ба таълими забони русӣ машғул буданд, ба ватани онҳо интиқол дод.

Росавиатсия мушкилии интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистонро тавзеҳ дод

Рӯзҳои наздик боз ду парвози дигар барои интиқоли  шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Ҳамин тавр, рӯзи сешанбе, 26 май, парвозҳо дар масири Душанбе - Красноярск ва Душанбе - Екатеринбург сурат мегирад.

Минбаъд, тибқи ҷадвали пешакӣ, 29 май парвози № SVR8424 аз Душанбе ба Маскав сурат мегирад. Ҳавопаймо соати 16:00 бо вақти маҳаллӣ ба Русия парвоз мекунад.

Ғайр аз ин, 30 май соати 19:00, парвози № SVR8880 самти Душанбе - Санкт-Петербург сурат хоҳад гирифт.