Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Рӯзи ду парвоз аз Тоҷикистон ба Русия дақиқ шуд

Вазорати алоқаи Федератсияи Русия рӯзҳои нави парвози ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русияро эълом кард.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Авохири моҳи май аз Тоҷикистон ба Русия ду парвоз роҳандозӣ мешавад, хабар медиҳад Вазорати алоқаи Русия дар шабакаи телеграм.

Радди хабарҳо аз сӯи "UtAir": санаи парвоз аз Тоҷикистон ба Русия дақиқ шуд

Хатсайрҳои ҳавоӣ дар доираи барномаи бозгардонии ҳамватанон ба Русия анҷом дода мешавад.

Ҳавопаймои "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Мюнхен парвоз кард

Бино ба реҷаи пешакӣ рӯзи 29 май хатсайри № SVR8424 аз Душанбе ба Маскав парвоз хоҳад кард. Ҳавопаймо соати 16:00 бо вақти маҳаллӣ ба рощ мебарояд.

Манбаъ қайд мекунад, ки ин парвоз танҳо шаҳрвандони Русияро, ки дар Маскав, вилояти Маскав ва вилоятҳои Владимир, Иванов, Калужск, Рязан, Смоленск, Твер, Тулск, Ярослав, Брянск, Орловск, Липетск, Тамбов, Воронеж, Курск, Псков, Новгород, Вологода, Костромск Нижегородск, Пензенск, ҳамчунин Мардовия ба сар мебаранд, ба Русия хоҳад овард.

Ғайр аз ин рӯзи 30 май соати 19:00 хатсайри №SVR8880 аз Душанбе ба Санкт-Петербург парвоз хоҳад кард.

Рӯзи парвози навбатӣ аз Тоҷикистон ба Русия дақиқ шуд

"Ин парвоз танҳо барои шаҳрвандони Русия, ки дар Петербург, вилояти Ленинград, Псков, Новгород, Вологод, вилоятҳои Калининград ва Карелия роҳандозӣ мешавад", - афзуданд дар Вазорати алоқа.

Манбаъ афзуда, ки хоҳишмандон барои парвоз кардан бояд пешопеш дар портали госуслуг сабти ном шаванд ва дар асоси ин муроҷиатнома рӯйхати парвозкунандагон омода карда мешавад.