Баргузории нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СПАД

Нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ 26 май ба сурати видеоконфронс баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Қарор аст, Сироҷиддин Муҳриддин- вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳам дар ин нишаст ширкат кунад, иттилоъ додааст хабаргузории Садои Хуросон.

Виборний: СПАД бояд дастаҷамъона барои амнияти интернетӣ талош намояд

Дар ин ҷаласа дар мавриди чашмандозҳои тавсеаи амнияти байналмиллалӣ ва минтақаӣ ва таъсири он бар амнияти кишварҳои узви Созмони амнияти ҷамъӣ суҳбат хоҳад шуд.

Ин ҷаласа ба раёсати Сергей Лавров- вазири умури хориҷаи Русия баргузор мешавад.

Русия, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус аъзои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ҳастанд.

Маврид ба ёдоварист, ки ба узвияти СПАД Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус ва Арманистон шомил ҳастанд.

Ҳадафи асосии ин созмон ҳифзи фазои минтақавӣ ва иқтисодии кишварҳои узв аз ҳамалоти таҷовузкорони низомӣ-сиёсӣ, терроризм ва инчунин офатҳои табиӣ мебошад.