Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ӯзбекистон омори нави гирифторони коронавирусро гуфт: ду мариз аз Тоҷикистон ворид шуданд

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон маълумоти тоза дар мавриди ошкор шудани мавориди нави гирифторшавӣ ба маризи коронавирусро ълон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Бар хабари вазорати беҳдошт то соати 10:00 дақиқаи рӯзи 23 - юми май дар қаламрави ин кишвар боз 42 ҳолати нави гирифторшавӣ ба маризии коронавирус ошкор гардидааст.

Тамдиди қарантина дар Ӯзбекистон ва афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки ҳар 42 маврид воридотӣ буда, ду мариз аз ҳамсоякишвари Тоҷикистон вориди Ӯзбекистон гардидаанд. Вале Вазорат таъйид накардаст, ки ин ду бемор шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ё ӯзбекистонӣ.

Омори хушоянд аз коронавирус дар Ӯзбекистон: боқӣ мондани танҳо як мариз дар Фарғона

Зимнан, 38 мусофире, ки тариқи парвози чартерӣ аз Санкт - Петербург озими Ӯзбекистон шуданд, гирифтори ҳамин беморӣ ҳастанд ва ҳамаи онҳо ба табобат фаро гирифта шуданд, - афзудааст манбаъ.

Гузашта аз ин аломатҳои маризии коронавирусро дар вучуди ду ронандаи дигар, ки тоза аз Қазоқистон вориди Ӯзбекистон шуданд, ошкор карда шуд.

Ба ҳамин минвол, феълан дар дармонгоҳҳои Ӯзбекистон 573 маризи коронавирус таҳти табобат қарор доранд ва пизишкон вазъи чаҳор беморро вазнин арзёбӣ мекунад.