Тоҷикистон 194 шаҳрванди дармонда дар Туркияро ба ватан овард

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба далели баста будани равобити ҳавоӣ дар Туркия дармонда буданд, имрӯз ба ватан оварда шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 май – Sputnik. Имрӯз аз Туркия 194 шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуданд, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Ҳавопаймо бо кумакҳои пизишкии Эрон ба Тоҷикистон парвоз кард
Тоҷикистониён ба далели авҷи маризии коронавирус ва баста шудани равобити ҳавоӣ дар Туркия дармонда буданд.

Манбаъ меафзояд, баргардондани шаҳрвандони тҷик аз Туркия бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Кишвардори Тоҷикистон қаблан супориш дода буд, ки марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ тоҷикистониёни дар хориҷи кишвар дармонда ба Ватан баргардонда шаванд.

Зикр мегардад, ки ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.