Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Рамазон Қодиров гирифтори COVID - 19 аст? Шарҳи раиси парлумони Чеченистон

Раиси парлумони Чеченистон Муҳаммад Довудов дар ҷавоб ба хабари аксар расонаҳо дар мавриди ба коронавирус гирифтор шудани Рамазон Қодиров посух дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Муҳаммад Довудов раиси парлумони Чеченистон хабарҳо дар мавриди мубтало шудани раисҷумҳур Рамазон Қодиров ба маризии коронавирусро бепоя хонд.

"Дар мавриди саломатии Рамазон Қодиров ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ паҳн мешаванд. Аммо ман ба кулли шаҳрвандони ин манотиқ муроҷиат карда мегӯям, ки Рамазон Аҳмадов сиҳат саломат аст ва ба ҷони ӯ хавфе таҳдид намекунад", - навиштааст раиси парлумон дар сафҳаи худ дар Instagram.

Довудов дар паҳн шудани хабарҳои бардурӯғ дар мавриди саломатии Қодиров, як гурӯҳи иборат аз 10 нафарро муттаҳам намуда мегӯяд, ки пайваста хабару маълумотҳои бардурӯғро паҳн мекунанд.

Тавсияи Рамазон Қодиров: сирпиёз хӯред ва аз коронавирус натарсед

Ӯ гуфт, "дарк мекунад, ки шаҳрвандони Чеченистон пас аз шунидани овозаҳои беасос хавотир шуданд, вале ман мехоҳам ба шумо эътимод бахшам, ки раисҷумҳур саломат аст".

Қаблан аксар расонаҳо хабар дода буданд, ки кишвардори Чеченистонро дар ҳолати вазнин ба яке аз дармонгоҳҳои Маскав интиқол дода шуд. Ҳадс зада мешуд, ки Рамазон Қодиров низ мубталои коронавирус шудааст.

Аҷали “вируси корона”: Қобилҷон Гиёев куҷост? – мусоҳиба

Гузашта аз ин, расонаҳо мубтало шудани вазири тандурустии Чеченистон Илҳом Сулаймонов ва директори шабакаи телевизионии Грозний Аҳмад Дудаевро ба коронавирус пахш намуда буданд. Вале баъдан ҳардуи ин маълумот бо пахши намоиш дар Instagram инкор карда шуданд.

Бар хабари ситоди фаврии Ҷумҳурии Чеченистон, феълан дар ин минтақа беш аз ҳазор нафар ба вируси COVID - 19 гирифтор шуданд.