Ба шабакаҳои иҷтимоӣ навори набарди бераҳмонаи мурғи марҷон (индюк) бо мор роҳ ёфт. Навори мазкурро як корбари Twitter бо номи Brink_Thinker мунташир намуд.
Аз навор бармеояд, ки мори калон мурғи хонагӣ ва ҷӯҷаҳои ӯро ҳадафи ҳамла қарор дод. Вале модар барои наҷоти ҷони ҷӯҷаҳои худ бо мори барҳайбат вориди набард мешавад.
Селфӣ бо мори 5-метра қариб сари ҷангалбонро хӯрда буд
Ҳарчанд мор чанд дафъа кӯшиш мекунад, то ҷӯҷаеро сайд кунад, вале ба ҳадафи худ нарасид. Зеро мурғи марҷон дар баробари муборизаи беамон бурдан, ҳамчунин ҷӯҷаҳояшро бо пар афшондану нишон додани роҳ берун баровард.
Пас аз тамошои ин навор аксар корбарон наворбардорро шадидан зери танқид қарор доданд ва изҳор доштанд, ки "наворбардори бераҳм ба ҷойи сабт кардани ин ҳолат, беҳтараш ба кумаки мурғ мешитоф".