ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Вазорати беҳдошти Афғонистон аз 492 мавориди нави гирифторшавӣ ба коронавирус хабар медиҳад, ки ҳамакнун теъдоди умумии дардмандон ба беш аз 8 ҳазор нафар баробар шудааст.
Манбаъ меафзояд, дар Кобул 262 нафар, дар Ҳарот 59 нафар, дар Балх 33, дар Бағлон 30, Тахор - 28, Ҷавзҷон 14 нафар, дар вилоятҳои Пактиё ва Нангарҳор ҳар кадом 10 нафар, дар вилоятҳои Парвон ва Панҷшер - 9 нафарӣ, дар Кунур ҳафт нафар, дар Лугар шаш нафар, дар Каписа панҷ нафар, дар Фароҳ ва Сарипул ҳар кадом чаҳор нафар ва дар Ғазнӣ ду нафар дар 24 соати гузашта ба вируси COVID - 19 гирифтор шудаанд.
Вазири тандурустии Афғонистон гирифтори коронавирус шуд
Мақомоти беҳдоштии Афғонистон гуфтаанд, дар як шабонарӯзи гузашта 1003 нафарро аз ташхиси коронавирус гузаронданд.
Гузориши Вазорати беҳдошти Афғонистон нишон медиҳад, ки дар як шабонарӯзи гузашта аз маризии коронавирус 10 бемор ҷон бохтанд ва ҳамзамон 80 нафар сиҳат шуда аз дармонгоҳҳо мураххас гардиданд.