Оғози зардолучинӣ дар Суғд ва содироташ ба Русия

Сарраёсати кишоварзии Суғд мегӯяд, масоҳати боғи зардолу дар вилоят қариб 45 ҳазор гектарро ташкил медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Масъулини Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд мегӯянд, офатҳои табиӣ - борону шамоли бошиддат ба ҳосил таъсири манфӣ расонд.

Парванда алайҳи ҷавонзане, ки шавҳарашро фиреб дод

Нашрияи "Ҷумҳурият" аз қавли мақомдорони кишоварзии Суғд иттилоъ дод, ки дар шаҳри Исфара 4500 гектар боғоти себу нокро хунук зад.

"Дар як қатор ноҳияҳои вилоят - Ашту Конибодом ва ба номи Б.  Ғафуров ба ҷамъоварии зардолуҳои пешпазак шӯрӯъ карданд", - омадааст дар иттилоия.

Рафторҷон Муҳаммадиев, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт, изҳор доштаст, ки ноҳия дорои беш аз 16 ҳазор гектар боғи зардолу буда, аз ин 8900 гектар дарахтони ҳосилдиҳанда аст.

"Зардолузорро асосан навъҳои пешпазаки "арзанаки калон", "шалах" ва "рухи ҷонона", "мирсанҷарӣ", "исфарак" ва "бобоӣ", ки ҳосили фаровон доранд, ташкил медиҳад. Алҳол дар хоҷагиҳои деҳқонӣ чидани зардолуи пешпазаки "шалах", "арзанаки калон" ва "рухи ҷонона" оғоз шуда, асосан ба Федератсияи Русия содирот мегардад", - таъкид кардаст манбаъ.

Боғдорони ноҳияи Ашт имсол азм доранд истеҳсоли зардолуро ба 20 ҳазор тонна расонанд.