Боздошти марди 33 - сола барои ташкили фоҳишахона: аз муштариёни худ 150 сомонӣ мегирифт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 33 - солаи шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки дар ташкили фоҳишахона муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Кормандони милитсия марди 33 - солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд, хабар медиҳад котиботи ВУД Тоҷикистон.

Боздошти зани 28 сола дар шаҳри Бӯстон барои ташкили фоҳишахона

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 17-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 12:30 дақиқа, хонаи истиқоматиаш, дар маҳаллаи 19-уми шаҳри мазкур воқеъбударо ба фоҳишахона табдил додааст.

"Боздоштшуда барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров ва зани 27-солаи сокини шаҳри Бӯстон шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст", - таъкид доштааст манбаъ.

200 сомонӣ иҷораи фоҳишахона дар деҳот: мизоҷ зану марди ҷавон

Зимнан,  худи ҳамон рӯз тахминан соатҳои 15:30 дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба мард ва зани 33-солаи сокинони шаҳри Бӯстон шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.